Ноябр 19, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Эъломи хатарноктарин кишварҳо барои гардишгарӣ

Коршиносони пизишкӣ ва эминӣ аз Муассисаи Интернейшнл SOS Либия ва Сомалиро хатарноктарин кишварҳои ҷаҳон барои гардишгарон донистанд.

Ба гузориши “Спутник”, коршиносони пизишкӣ ва эминӣ аз Муассисаи Интернейшнл SOS кишварҳоро бар асоси се омил: кумакҳои пизишкӣ, амнияти шахсӣ ва хатарҳои ҷодаӣ табақабандӣ ва эълом карданд, саломати гардишгарон бо сафар ба кишварҳои Судон Ҷанубӣ, Гвинея, Либерия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Серра-Леоне, Нигер ва Эритрея бештар дар маърази хатар хоҳад буд. Ҳамчунин кишварҳое монанди Сурия, Афғонистон, Ироқ, Сомалӣ, Яман, Нигерия ва Либия бештарин таҳдиди амниятиро барои гардишгарон ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Эҳтимоли тасодуфоти ҷиддии ҷодаӣ низ дар Венесуэла, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Доминикан, Таиланд, кишварҳои африқоӣ ва Ветнам бештар аст.

 

Барчасп