Март 06, 2017 14:38 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии раҳбарони ҳизби ҳокими Ҳинд аз афзоиши ҷамъияти мусулмонон

Яке аз раҳбарони Ҳизби Бҳаратия Ҷаната (Bharatiya Janata) -ҳизби ҳокими Ҳинд, аз афзоиши ҷамъияти мусулмонон дар ин кишвар, ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радио ҳиндии бурун марзии Эрон, Гейри Радж Сингх гуфт, мусулмонон дар Ҳинд, дигар ақаллияти динӣ маҳсуб намешванд ва ҷамъияти онон дар кишвар ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.

Вай хостори тасвиби қонун барои контроли ҷамъияти мусулмонон дар Ҳинд шуд ва ҳушдор дод, агар афзоиши ҷамъияти мусулмонон контрол нашавад, ин масъала барои ҳиндуҳо бисёр хатарнок хоҳад буд.

Пеш аз ин ҳам Радж Сингх аз афзоиши ҷамъияти мусулмонони Ҳинд ва коҳиши ҷамъияти ҳиндуҳо ибрози нигаронӣ карда буд.

Ба гуфтаи Радж Сингх, ҷамъияти мусулмонони Ҳинд аз як дарсад дар соли 1947 (сол истиқлоли Ҳинд) ба 24 дарсад расида дар ҳоле, ки ҷамъияти ҳиндуҳо дар ҳамин бозаи замонӣ, аз 90 дарсад ҷамъият ба 76 дарсад коҳиш ёфтааст.

Қаблан низ яке дигар аз мақомоти ҳиндӣ, хостори афзоиши ҷамъияти ҳиндуҳо шуда буд.

Давлати Деҳлии Нав мегӯяд, мусулмонон беш аз 200 миллион нафар аз ҷамъияти як миллиарду 200 миллионии Ҳиндро ташкил медиҳанд ва ин кишвар пас аз Индонезия ва Покистон бештарин ҷамъияти мусулмонони ҷаҳонро дорад.