Эъломи омодагии Чин барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Арабистон
Вазири умури хориҷаи Чин ибрози умедворӣ кард, ихтилофоти Эрону Арабистон аз тариқи дипломатӣ ҳал шавад.
Ба иттилои Ирно, Ван И, имрӯз дар ҳошияи Иҷлоси солонаи Конгресси миллии халқи Чин дар шаҳри Пекин дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Эрон ва Арабистон ду кишвари муҳим дар минтақаи Ховари Миёна ҳастанд ва бояд масоили пешомада миёни онон ҳал шавад.
Ван И дар иҷлоси солонаи Конгресси миллии халқи Чин, ки аз рӯзи якшанбе бо ҳузури наздик ба се ҳазор намоянда дар шаҳри Пекин баргузор шуд, гуфт: Пекин дар сурати ниёз омодааст, ба унвони миёнҷӣ барои ҳалли мушкилоти миёни Теҳрон ва Риёз ифои нақш кунад.
Дар паи тира шудани равобити Эрону Арабистон пас аз ҳаводиси ҳаҷи 2015, давлати Саудӣ соли гузашта монеи ҳузури зоирони эронӣ ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ дар маносики ҳаҷ шуд .
Ҳазорон зоир аз ҷумла 464 зоири эронӣ рӯзи иди Қурбони соли 2015 дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далели сӯитадбири масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд .