Март 11, 2017 13:50 Asia/Dushanbe
  • Таъсири мусбати намоз бар тақвияти сутунмуҳра ва гардиши хун

Муҳаққиқони донишгоҳи Аризонаи Амрико эълом карданд: Намоз хондан таъсире мусбат бар сутунмуҳра ва дастгоҳи гардиши хун дорад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, муҳаққиқони донишгоҳи Аризона эълом карданд: Ҳаракоте, ки фард ҳангоми намоз хондан анҷом медиҳад, ба беҳбуди гардиши хун, тақвияти сутунмуҳра ва тамомии мафосили бадан мунҷар мешавад .

Ин муҳаққиқон тасреҳ карданд: Рукуъ ва кашидани дастон ба раҳоӣ аз дардҳои камар ва сутунмуҳра бисёр кумак мекунад, ҷарёни хунро беҳбуд мебахшад ва фишор бар рагҳои асабиро аз байн мебарад.

Бар асоси натоиҷи ин таҳқиқи илмӣ, саҷдаи намоз хунрасонӣ ба мағзро афзоиш медиҳад ва сабаб мешавад, мағзи кислороди бештаре дарёфт кунад .

Рӯзномаи Индепенденти Англия низ ахиран бо интишори гузорише навишт: Ҳудуди як миллиарду 600 миллион мусулмон дар саросари дунё рӯзона панҷ навбат намоз ме‎хонанд ва зимни рукуъ ва саҷда, пешонии худро ба самти Каъба дар Маккаи мукаррама бар замин мегузоранд ва ҳаракотеро такрор мекунанд, ки барои руҳу ҷисми инсон муфид аст .