Август 06, 2016 15:20 Asia/Dushanbe

Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2016 соати 20, ба вақти маҳаллӣ ва соати 3:30 дақиқаи бомдоди имрӯз, ба вақти Теҳрон дар шаҳри Рио де Женейрои Бразилия оғоз шуданд.

Дар оини ифтитоҳияи ин мусобиқот, ки дар варзишгоҳи Мороконо баргузор шуд, беш аз 76 ҳазор нафар ҳузур доштанд. Дар ин маросим паёми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид қироат шуд, ки дар он Пан Ги Мун  хоҳони сулҳу дӯстӣ дар ҷаҳон шуда буд. Сипас корвонҳои варзишии 206 кишвари ҷаҳон режа рафта, нахустин бор дар таърихи мусобиқоти олимпӣ тимии 10-нафара аз паноҳандагон низ зери парчами олимпӣ дар он ширкат карданд.

Дар олимпиадаи Рио барои нахустин бор мутаваллидони қарни 21 ширкат мекунанд.

Корвони варзишии Эрон бо 64 варзишкор дар ин давра аз бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад. Тоҷикистон низ бо ҳафт варзишкор дар риштаҳои бокс, ҷудо ва варзиши сабук дар олимпиадаи Рио ҳузур дорад.

Дар Бозиҳои олимпӣ-2016 дар Бразилия тайи 17 рӯз ҳудуди 11200 варзишкор дар 306 мусобиқа ва 28 риштаи варзишӣ ба рақобат мепардозанд.