Чин ва ташдиди тадобири амниятӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14484-Чин_ва_ташдиди_тадобири_амниятӣ
Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурӣ ва дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин дар нишасти солонаи ин ниҳоди муҳими тасмимгирӣ ва қонунгузорӣ, бар эъмоли контроли бештари амниятӣ, ба вижа дар Син -Кёнг таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 12, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Чин ва ташдиди тадобири амниятӣ

Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурӣ ва дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин дар нишасти солонаи ин ниҳоди муҳими тасмимгирӣ ва қонунгузорӣ, бар эъмоли контроли бештари амниятӣ, ба вижа дар Син -Кёнг таъкид кард.

Нигоҳи Чин ба минтақаи мусалмоннишини Син –Кёнг (Синзян), воқеъ дар ғарби ин кишвар, ҷузви дағдағаҳои ҳокимиятии Пекин будааст. Изҳороти олитарин мақоми чинӣ дар нишасти солонаи Конгресси миллии халқ дар мавриди эъмоли контроли амниятии бештар ба ин минтақа, бархоста аз ҳамин дағдағаҳо аст.

Чин дар ҳамаи ин солҳо, ба вижа баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико, камтар рӯзе будааст, ки аз фаъолиятҳои ҷудоиталабона дар густараи Син -Кёнг ва минтақаи будоинишини Тибет (Таббат) нигарон набошад.

Баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001 Амрико аз ҳамаи кишварҳо хост, ба эътилофи мубориза бо терроризм ба раҳбарии ин кишвар бипайвандад. Ин дар ҳоле буд, ки Русия низ гоҳу бегоҳ аз газанду садамоти терроризм дар амон набудааст. Бинобар ин, табиӣ ба назар мерасид, ки Чин ба эътилофи Амрико барои мубориза бо терроризм бипайвандад. Аммо ин ҳамроҳии Пекин бо Вашингтон дер напоид, зеро бо канор рафтани пардаҳо мушаххас шуд, ки терроризм маҳсули пайванди империализми ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико ва иртиҷоиҳои минтақа аст.

Бо канор рафтани бахше аз ин пардаҳо, хонуми Клинтон, вазири хориҷаи собиқи Амрико дар китобаш таҳти номи "Гузинаҳои душвор" эътироф кард, ки ДИИШ дастпарвардаи Амрико ва бархе кишварҳои муртаҷеъ ва ҳамсӯ бо Вашингтон аст.

Воқеият ин аст, ки Чин на аз сари беитилоӣ, балки аз манзари ҳушмандӣ дар пайи арзёбии рафтори Амрико бобати мубориза бо терроризм баромад. Ба он маъно, ки иддаои Амрико дар хусуси мубориза бо терроризм фақат дар ҳарф боқӣ монд ва ҳечгоҳ ба амал дарнаомад.

Гуфтанӣ аст, дар нишасти солонаи Конгресс милли халқ масоили ҳаётии марбут ба он чӣ ки қаламраве сарзамини Чин хонда мешавад, матраҳ ва мавриди арзёбии муҷаддади аъзо қарор мегирад. Дар ин нишаст низ ширкаткунандагон бар рӯйи даст гирифтани тадобири шадиди амниятӣ дар даст доштани механизми вижа дар ҷиҳати мубориза бо Ҷумбиши истиқлоли Туркистони шарқӣ дар Син -Кёнг  иттифоқи назар доштанд.

Ба ҳамин тариқ, намояндагони Ҳизби коммунисти минтақаи Тибет ҳам бар рӯйи даст гирифтани роҳкори муштарак барои муқобила бо ҷудоиталабӣ дар Тибет таъкид карданд. Яке аз нигарониҳои аслии Чин ин аст, ки афроди парокандаи ДИИШ, ки ин рӯзҳо дар Ироқу Сурия зарба дидаанд, умдатан дар манотиқи мусалмоннишин ҷойгир шудаанд, бо он бахши аз уйғурҳо аз тариқи Туркия ва кишварҳои ҳавзаи ҷануби шарқи Осиё бипайванданд. Бинобар ин, аз дидгоҳи раиси ҷумҳурии Чин, муҳим ва ҷиддӣ гирифтани ваҳдати миллӣ ва иқтидори ҳокимиятии ин кишвар аст, ки ҳар шаҳрванди чинӣ фориғ аз навъи нажод, мазҳабу қавм бо ин нисбат ба ин муҳим (ваҳдати миллӣ) пойбанд бошад. Насли панҷуми раҳбарии Чин ҳам то кунун нишон дод, ки мавозеу рӯйкардҳояш дар баробари ҷудоиталабӣ, ифротгароӣ ва терроризм шаффоф аст ва ҳар иқдоми тахрибӣ аз сӯйи афроди террористро ба шиддат саркӯб мекунад.

Мақомоти Чин мегӯянд, бо миллионҳо мусалмони сокини Син –Кёнг, ки ба фароизу шиорҳои динии худ амал мекунанд ва ҳарими худро бо афроди ҷудоиталаб мушаххас мекунанд, ба дурустӣ рафтор мешавад ва ин ривол дар мавриди будоиҳои сокини Тибет низ эъмол мешавад.

Ҳушдори Чин ба сокинони ин манотиқ ин аст, ки фиреби шиорҳои авомфиребонаи ғарб ва дар раъси он Амрикоро дар дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодиҳои иҷтимоӣ нахуранд.