Боздошти даҳҳо муътариз дар Гурҷистон
(last modified Sun, 12 Mar 2017 12:22:48 GMT )
Март 12, 2017 17:22 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Батумии Гурҷистон
    Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Батумии Гурҷистон

Вазири кишвари Гурҷистон аз боздошти 40 нафар дар тазоҳуроти зидди давлатӣ дар шаҳри Батумӣ хабар дод.

Ба иттилои РИА Новости, тазоҳуроти зидди давлатӣ шомгоҳи шанбе дар Батумӣ, маркази минтақаи худмухтори Аҷарияи Гурҷистон ба даргирӣ бо нерӯҳои полис мунҷар шуд ва 33 тан аз ҷумла 11 маъмури амниятӣ ва як намояндаи маҷлис захмӣ шуданд .

Георгий Мгебришвили, вазири кишвари Гурҷистон гуфт, бо омилони ин тазоҳурот ва даргирӣ бархурди қонунӣ мешавад, зеро ба амволи умумӣ ва зерсохтҳои шаҳр осебҳои шадид ворид шудааст .

Расонаҳои русӣ гузориш додаанд, тазоҳуркунандагони мухолифи давлат, ки шумори онҳо ба ҳудуди ҳазор нафар мерасид, дар эътироз ба боздошти шаш нафар аз сокинони маҳаллӣ дар муқобили идораи полис иҷтимоъ карданд ва кушиданд, бо вуруд ба сохтмони идораи полис, боздоштшудаҳоро озод кунанд .

Бо мудохилаи маъмурони амниятӣ ва истифода аз гази ашковар ва гулулаҳои пластикӣ аз вуруди афрод ба сохтмони идораи полис ҷилавгирӣ шуд ва ба дунболи ин ҳодиса шумори зиёде аз маъмурони амниятӣ дар маҳалли ҳодиса мустақар шуданд .

Бандари Батумӣ бо беш аз 120 ҳазор нафар ҷамъият дуввумин шаҳри бузурги Гурҷистон аст .