Март 12, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Алӣ Ҷуниор, фарзанди Муҳаммад Алӣ Клей
    Муҳаммад Алӣ Ҷуниор, фарзанди Муҳаммад Алӣ Клей

Фарзанди қаҳрамони фақиди бокси ҷаҳон, дар як фурӯдгоҳи шаҳри Вашингтон, пойтахти Амрико боздошт ва бозҷуӣ шуд.

Ба иттилои Presstv, Муҳаммад Алӣ Ҷуниор, фарзанди Муҳаммад Алӣ, қаҳрамони фақиди бокси ҷаҳон дар ҳоли савор шудан ба ҳавопаймо барои сафар ба мақсади Форт-Лодердейл дар иёлоти Флорида боздошт шуд ва ба муддати 20 дақиқа мавриди бозҷуӣ қарор гирифт .

Крис Манчини, вакили Муҳаммади Алӣ Ҷуниор гуфт, муваккилаш барои инки иҷозаи савор шудан ба ҳавопайморо пайдо кунад, маҷбур шуд, бо мақомҳои Вазорати амнияти дохилии Амрико телефонӣ гуфтугӯ кунад .

Муҳаммад Алӣ Ҷуниор ва модараш Халила Камачо Али, пеш аз ин ҳам дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Форт-Лодердейли Ҳоливуд ба муддати ду соат боздошт шуданд ва дар мавриди инки оё мусулмон ҳастанд ё на, аз онҳо пурсиш шуд .

Пас аз судури фармони муҳоҷиратии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мусулмонони ин кишвар бо маҳдудиятҳои бештаре рӯ ба рӯ шудаанд .