Худкушӣ, омили аслии марги низомиёни амрикоӣ
(last modified Sun, 12 Mar 2017 15:36:18 GMT )
Март 12, 2017 20:36 Asia/Dushanbe

Қотили шумораи яки низомиён ва куҳнасарбозони амрикоӣ, ки муддате дар ҷанги Афғонистон ё Ироқ будаанд, худкушӣ аст.

Пентагон мегӯяд, омори худкушӣ миёни низомиёни амрикоӣ аз соли 2001 яъне замони оғози ҳамла ба Афғонистон 32 дарсад афзоиш ёфтааст .

Аз ҳар 100 сарбозе, ки аз Афғонистон ё Ироқ ба Амрико бармегарданд, 20 нафар дучори ихтилолоти рӯҳӣ мешаванд .