Эъломи муваққатии таъхир дар равобити дипломатии Туркия бо Ҳоланд
Туркия равобити худ бо Ҳоландро дар болотарин сатҳ ба ҳолати таъхир даровард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Анкара рӯзи душанбе равобити худ бо Ҳоландро ба хотири ҷилавгирии давлати Амстердам аз баргузории ҳамоишҳои сиёсатмадорони Туркия мутаваққиф кард.
Нӯъмон Кӯртулмуш, муовини нахуствазири Туркия пас аз нишасти кобинаи ин кишвар гуфт, то замоне ки Ҳоланд он чиро, ки то кунун анҷом додааст ҷуброн накунад, равобити Анкара ва Амстердам дар сатҳҳои олӣ ва ҳамчунин дидорҳои барномарезишуда байни мақомоти ду кишвар дар сутуҳи вазирон ва болотар муаллақ хоҳад шуд.
Куртулмуш афзуд, ҳамчунин то замоне, ки Амстердам шароити Туркияро дар хусуси баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ напазирад, сафири Ҳоланд дар Анкара иҷозаи бозгашт ба Туркияро нахоҳад дошт ва равобити Туркия ва Ҳоланд дар сатҳи кордор идома хоҳад ёфт.
Муовини нахуствазири Туркия ҳамчунин гуфт, давлати Анкара ҳамчунин фуруди ҳавопаймоҳои дипломатии Ҳоланд (Нидерландия) дар фурудгоҳҳои Туркияро мамнуъ кардааст.
Куртулмуш бо баёни ин ки фашизм ва натсизм дар Аврупо густариш ёфтааст, афзуд: Иттиҳодияи Аврупо ба тааҳҳудоти худ дар бораи тавофуқи муҳоҷират амал накарда ва ин тавофуқ аз назари Анкара тамом шудааст.
Туркия рӯзи душанбе Фиддо Ҳайсинга, кордори Ҳоланд дар Анкараро барои севумин бор дар се рӯзи гузашта, барои эътироз ба иқдомоти полиси Ротердам зидди шаҳрвандони турктабори он кишвар ба Вазорати умури хориҷа эҳзор кард.
Шанбешаб давлати Ҳоланд ба Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия муҷаввизи вуруд ба Гаагаро надод ва аз вуруди Фотима Батул Соён Коё, вазири хонаводаи Туркия низ ба Ротердам ҷилавгирӣ кард.