Март 15, 2017 13:16 Asia/Dushanbe
  • довталабон набояд бештар аз 35 сол дошта бошанд ва набояд беш аз 90 килограм вазн дошта бошанд
    довталабон набояд бештар аз 35 сол дошта бошанд ва набояд беш аз 90 килограм вазн дошта бошанд

Созмони фазоии Русия, мавсум ба “Рускосмос” раванди ҷазби довталабони сафар ба кураи моҳро оғоз кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, “Рускосмос” дар баёнияе эълом кард: “Мо ба дунболи шаш то ҳашт нафар фазонаварди ҳирфаӣ ҳастем, ки нахустин халабонони фазопаймоии ҷадиди Русия, яъне “Федератсия” хоҳанд буд ва дар истгоҳи фазоии байналмилалӣ ҳам кор хоҳанд кард ва дар ниҳоят нахустин афроде хоҳанд буд, ки рӯйи кураи моҳ қадам гузоштаанд”.

Сергей Крикалёв, мудири иҷроии бахши фазопаймоҳои сарнишиндори Ожонси Рускосмос гуфт, довталабон набояд бештар аз 35 сол дошта бошанд, қади онҳо бояд байни 1. 50 то 1. 90 бошад ва набояд беш аз 90 килограм вазн дошта бошанд.

Ошноӣ ба компютер, тавоноии муколама ба забони англисӣ ва низ доштани таҷриба дар санъати ҳаво-фазо аз дигар шартҳои пазируфта шудан дар ин раванд аст.

Русия тарҳи баландпарвозонаи сохти як пойгоҳи илмӣ дар кураи моҳро дар сар дорад ва пешбинӣ кардааст то соли 2031 теъдоде аз шаҳрвандони худро ба моҳ бифиристад.

Фазопаймоии ҷадиди Русия, мавсӯм ба “Федератсия” гунҷоиши чаҳор сарнишинро дорад ва қарор аст нахустин парвози озмоишии он дар соли 2021 анҷом шавад.

 

Барчасп