Маскав: НАТО кам монда Галустиян ва Ревворо ҳам душман бихонад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14676-Маскав_НАТО_кам_монда_Галустиян_ва_Ревворо_ҳам_душман_бихонад
Сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия муттаҳам шудани танзпардозони рус аз сӯйи НАТО ро баид надонист
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 16, 2017 18:48 Asia/Dushanbe
  • Мария Захарова муттаҳам шудани танзпардозони рус аз сӯйи НАТО ро баид надонист
    Мария Захарова муттаҳам шудани танзпардозони рус аз сӯйи НАТО ро баид надонист

Сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия муттаҳам шудани танзпардозони рус аз сӯйи НАТО ро баид надонист

Ба гузориши шабакаи Алолам, Мария Захарова дар сафҳаи Фейсбуки худ бо интиқод аз маркази иртибототи стратегии StratCom , ки дар кишварҳои ҳавзаи баҳри Балтик ва ба сарпарастии НАТО фаъолият мекунад, навишт: баид намедонам таҳлилгарони НАТО ба зудӣ камедиянҳои саршиноси рус, аз ҷумла Михаил Галустян ва Александр Ревворо "дасисаҷӯён ва душманони стратегӣ" худ эълом кунанд .

 Хабаргузории Спутник гузориш дод, чанде пеш маркази иртибототи стратегии СтартКом эълом кард, рӯзи 17 март як нишасти баҳсӣ бо унвони "Хандаҳои СтартКом: ҷустуҷӯ барои дастёбӣ ба фароянди таҳлили шабакаӣ" дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия баргузор мешавад .

 Бинобар ин эълом, қарор аст дар ин нишаст дар бораи барномаҳои шабонаи гуфтугӯмеҳвар ва як барномаи танз дар шабакаи яки телевизиони Русия ва ҳамчунин дар бораи истифодаи расонаҳои украинӣ аз танзу шухӣ барои "рафъи ҳолати ташаннуҷу афсурдагии мардум дар шароити таҷовузи солҳои 2016-2014 Русия" гузоришҳое ироа шавад.