Март 18, 2017 18:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба фурудгоҳи Орлии Порис

Вазорати умури дохилии Фаронса аз ҳамла ба фурудгоҳи Орлии Порис ва кушта шудани як фарди мусаллаҳ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вазорати дохилии Фаронса рӯзи шанбе эълом кард, ннрӯҳои амниятии ин кишвар, фарди мусаллаҳе, ки силоҳи як низомии фаронсавиро дар фурудгоҳи Орли дар ҷануби Порис тасоҳуб карда буд, куштанд.

Вазорати дохилии Фаронса таъкид кард, масъулони амниятии фурудгоҳи Орли ба думболи вуқӯъи ин ҳодиса ва бо иҷрои тадобири эҳтиётӣ, бахше аз фурудгоҳи Орлиро тахлия ва таътил карданд.

Бино бар эъломи вазорати умури дохилии Фаронса, ин фарди мусаллаҳ қасди иҷрои  амалиёти харобкоронаро дошт.

Вазорати дохилии Фаронса хотирнишон кард, тирандозӣ дар фурудгоҳи Орли маҷрӯҳ бар ҷой нагузошт.

Вазорати дохилии Фаронса эълом кард, як фарди мусаллаҳ дар шимоли Порис низ ба сӯи нерӯҳои пулис тирандозӣ кард ва мутаворӣ шуд.

Ин ҳодиса замоне рӯй дод, ки пулиси Фаронса субҳи шанбе дар минтақаи Saint-denis- дар атрофи шимоли Порис ба ронандаи як худрав дастури таваққуф барои бозрасиро дод, аммо ронандаи мусаллаҳ бо тирандозӣ ба самт нерӯҳои пулис, як тан аз нерӯҳои пулисро маҷрӯҳ кард.

Пулиси Фаронса эълом кард, таҳқиқот дар бораи ин фарди мусаллаҳ ва талош барои дастгирии вай, идома дорад.

 

Барчасп