Март 19, 2017 20:20 Asia/Dushanbe
  • Штайнмайер расман раисҷумҳури Олмон шуд

Вазири умури хориҷаи пешини Олмон, ба таври расмӣ кори худро дар мақоми раисҷумҳури ин кишвар оғоз кард.

Ба гузориши Ирно, Франк Валтер Штайнмайер, рӯзи якшанбе дар маросиме расмӣ дар Берлин ҷонишин Йоахим Гаук, раисҷумҳури қаблии Олмон шуд .

Франк Валтер Штайнмайер дар интихоботи 12 феврали 2017 бо ҳимояти Ҳизби иттиҳоди демократи масеҳӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ бо касби 931 раъй аз маҷмуи 1239 раъй ба унвони давоздаҳумин раисҷумҳури Олмон пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум интихоб шуд .

Раисҷумҳур дар Олмон бо раъйи махфии Маҷмаи федерал барои давраи панҷсола интихоб мешавад .

Штайнмайер дар солҳои 2005 то 2009 ва бори дигар аз 2013 то 2017, вазири умури хориҷаи Олмон буд ва ҳузураш дар музокироти ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як аз муҳимтарин фаъолиятҳои ӯ дар арсаи дипломатияи байналмилалӣ аст .