Март 21, 2017 18:18 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими ҷашни Наврӯз дар Лондон

Маросими ҷашни Наврӯз бо ҳузури сафири Эрон дар Англис, коркунони сафорат ва бахши консулӣ, ба ҳамроҳи хонаводаҳои онҳо дар Лондон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳамиди Баидинажод-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англис, шаби гузашта (душанбе) дар суханоне дар ин маросим, дар сафорати Эрон дар Лондон, зимни табрики соли нав, гуфт, Наврӯз бахше аз таърих ва бахши ҷудои нопазир аз фарҳанги Эрон аст.

Ҳамиди Баидинажод бо таъкид бар ин ки Ислом низ бахши муҳимми ҳувияти эронӣ аст, афзуд, миллати Эрон ҳамвора дар як пайвастагии таърих дар чанд ҳазорсоли гузашта, ҳувияти худашро ҳифз ва ҳамчунин дар пешбурди Ислом нақши бисёр муҳимме ифо кардааст.

Маросими ҷашни Наврӯз тавассути ройзанони фарҳангии Эрон, дар кишварҳои мухталиф ҳарсола бо иҷрои барномаҳои шод ва мутанаввеъ баргузор мешавад.