Март 21, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Бенуа Амон раиси ҷумҳурии Амрикоро омили бурӯзи бесуботӣ дар кишварҳои ҷаҳон унвон кард.
    Бенуа Амон раиси ҷумҳурии Амрикоро омили бурӯзи бесуботӣ дар кишварҳои ҷаҳон унвон кард.

Номзади Ҳизби сотсиалист дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса, раиси ҷумҳурии Амрикоро омили бурӯзи бесуботӣ дар кишварҳои ҷаҳон унвон кард.

Ба навиштаи расонаҳои фаронсавӣ, Бенуа Амон, номзади Ҳизби сотсиалист дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса, душанбешаб дар нахустин мунозираи телевизионии панҷ номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар гуфт, бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико, ҷаҳон шоҳиди оғози бесуботӣ аст.

Ҳамчунин дар ин мунозира, Франсуа Фийон, номзади ҷиноҳи рости миёна дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса бо тарҳҳои иқтисодии Марин Ле Пен, номзади Ҳизби рости ифротӣ ва хуруҷи Фаронса аз Иттиҳоди Аврупо мувофиқ набуд.

 Равобити Фаронса бо Русия низ аз чолишҳои мунозираи Жан Люк Меланшон, номзади чапи ифротӣ дар интихоботи Фаронса ва Бену Амон буд ва албатта Меланшон ҳомии идомаву тақвияти равобит бо Русия, дастикам дар қолаби равобити иқтисодӣ буд.

Эмануел Макрон, номзади мустақил ва миёнарав низ аз ҳузури чеҳраҳои ҷадид, мустақил ва дур аз ҳар гуна равобити молӣ, сиёсӣ дар кобинаи эҳтимолии худ хабар дод.

Албатта бо тавваҷуҳ ба тамоюли фақат 66 дарсад аз фаронсавиҳо барои ширкат дар интихобот, шояд талоши ин номзадҳо тарғиби мардуми Фаронса барои ҳузур дар ин интихобот бошад.

Мардуми Фаронса бистусеюми апрел барои ширкат дар даври нахусти интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса пойи сандуқҳои раъй мераванд.

 

Барчасп