Март 21, 2017 21:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар Маскав

Ҷашни кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо ҳузури шаҳрвандони Эрон ва шуморе аз шаҳрвандони Русия - Афғонистон - Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маскав, канори суфраи “ҳафтсин” баргузор шуд.

Ин маросим шомгоҳи душанбе бо мушорикати ҳудуди 800 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни эронии муқим ба мизбонии Маҳдии Саноӣ-сафири Эрон, дар сафорати Ҷумҳурии исломӣ бо қироати оёте аз Қуръони карим баргузор шуд.

Фарозҳое аз паёми тасвирии наврӯзии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо мавзуи муваффақиятҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии исломӣ дар арсаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ - корномаи соли 95- пешрафтҳо ва ниёзҳо дар ин маросим пахш шуд.

Муваффақиятҳои иқтисодӣ, афзоиши субот ва амният дар Эрон, иртиқои ҷойгоҳи байналмилалии Эрон ва ҳамчунин барномаҳои пеш рӯ, бахшҳое аз паёми Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пахш шуда, дар ин маросим буд.

Саноӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар федератсия Русия, низ дар суханони худ бо ишора ба вижагиҳои байналмилалӣ ва рӯ ба ҷаҳонӣ шудани Наврӯз- ин муносибатро бисёр арзишманд баршумурд. Вай изҳор кард, эрониён бо ҳадияи Наврӯз ба минтақа ва ҷаҳон, паёмовари сулҳ ва дӯстӣ ҳастанд.

Сафири Эрон изҳор кард, афзӯн бар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, аз ҷумла манотиқи мухталиф Руси, ин муносибат таъсироти мусбате дар дигар кишварҳо ҳам дошта ва пайвандҳоро афзоиш додааст.

Дар идомаи маросим, иҷрои мусиқии зинда ва ҳамчунин мусобиқаи мунтахабини дорандагони номи Фотима ва Заҳро ба муносибати ҷашни мелоди духтари гиромии набии Акрам (с ) баргузор ва ҷавоизе эҳдо шуд.

 

 

Барчасп