Март 22, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Маҳдуд шудани ихтиёроти Трамп барои пур кардани симматҳои холӣ

Девони олии Амрико тайи ҳукме ихтиёроти раиси ҷумҳурии ин кишварро барои пур кардани симматҳои холӣ маҳдуд кард.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи нашрияи “Ҳил”, нашрияи Конгресси Амрико, Девони олии Амрико ба маҳдуд шудани ихтиёроти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар барои пур кардани симматҳои холӣ пеш аз таъйиди салоҳияти номзадҳои муаррифишуда, раъй дод.

Девони олии Амрико эълом кард, гумоштани Лиф Солимин дар симмати мушовир дар замони раёсати ҷумҳурии Барак Абама ва пеш аз таъйиди салоҳияташ, нақзи қавонини федерал будааст.

Бар асоси як қонуни федерал, ки дар соли 1998 тасвиб шуд, чунин иқдоме хилофи қонуни Амрикост, албатта ин қонун як истисно дорад, ба тавре, ки агар номзади муаррифишуда ба муддати 90 рӯз ба унвони дастёри аввали ҳамтои собиқи худ кор карда бошад, метавонад бо вуҷуди поён наёфтани фароянди таъйиди салоҳияташ ба ҷойи вай машғул ба кор шавад, аммо Девони олии Амрико мегӯяд, Солимин машмули ин истисно намешавад.

Бар асоси ин гузориш, мушовири ҳуқуқии Кох Сафед дар ин бора эълом кард, тасвиби чунин қонун ихтиёроти раиси ҷумҳуриҳои ояндаро барои пур кардани симмаҳои холӣ маҳдуд мекунад.

Барчасп