Ифшои ҷосусии ФБР аз бурҷи Трамп
(last modified Wed, 22 Mar 2017 13:33:09 GMT )
Март 22, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҷосусии ФБР аз бурҷи Трамп

Як шабакаи хабарии амрикоӣ фош кард, Полиси федералии Амрико (Эф Би Ай ё ФБР), байни солҳои 2011 то 2013 аз бурҷи раиси ҷумҳурии кунунии Амрико ҷосусӣ кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии шабакаи “Ал-Олам”, шабакаи хабарии амрикоии Эй Би Си гузориш додааст, ки Полиси федералии Амрико дар ҷараёни ба истилоҳ таъқиби русҳо, байни солҳои 2011 то 2013 аз бурҷи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҷосусӣ кардааст.

Ин ҷосусӣ, ки дар қолаби муқобила бо пулшӯӣ, қимор дар ҳавзаи варзиш ва тамаъҷӯӣ сурат гирифта аст, ба ёфтани 30 мавриди машкук дар апрели соли 2013 мунҷар шудааст.

Ин гузориш афзуд, биное, ки аз сӯйи гумонбарон мавриди истифода қарор мегирифт, танҳо се табақа поинтар аз пентҳауси Доналд Трамп воқеъ шуда буд, аммо ФБР муддаӣ аст, ки барномаи таҳқиқотиаш дарбаргирандаи шахси Трамп набудааст.

Бар асоси ҳамин гузориш, дар ин таҳқиқот шахсе, ки Вадим ном дошт, ба иллати суиистифода мол муҷрим шинохта шуд, аммо ҳадафи аслии он фарде бо номи Алимҷон Турсунолвич Тухтоханов, машҳур ба “Тайванчик” буд, ки муттаҳам буд 50 миллион доллар пули ғайриқонунӣ аз ҳисоби қиморро вориди Амрико кардааст.

Ин пул бо пулшӯии ширкати Шелл ва бонкҳои Қибрис вориди Амрико шуда ва ҷолиб ин ки ин шахс бо вуҷуди “ҳушдори сурх”-и Интерпол ҳанӯз боздошт нашудааст.

Доналд Трамп чанде пеш давлати собиқи Амрикоро муттаҳам кард, ки дар ҷараёни корзори интихоботи соли 2016, иқдом ба шунидорӣ аз бурҷи вай кардааст.