Дастури Путин дар бораи имзои протоколи тағйироти ҳамкорӣ бо Эрон
(last modified Sat, 25 Mar 2017 04:40:19 GMT )
Март 25, 2017 09:40 Asia/Dushanbe
  • Ин санад ҳамчунин мавориди адами истирдоди мазнунону муттаҳамони байни ду кишвар ва дигар масоилро шарҳ медиҳад.
    Ин санад ҳамчунин мавориди адами истирдоди мазнунону муттаҳамони байни ду кишвар ва дигар масоилро шарҳ медиҳад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дастури анҷоми тағйирот дар қарордоди кӯмакҳои мутақобили ҳуқуқӣ дар парвандаҳои маданиву ҷиноӣ бо Эрон ва имзои протокол дар ин заминаро содир кард.

Ба гузориши ИРНА, фармони Путин, ки дар пайи дархости давлат барои анҷоми тағйирот дар қарордоди муртабит содир шудааст, рӯзи ҷумъа дар сайти расмии “Ахбори ҳуқуқии Русия” мунташир шуд.

 Путин ҳамчунин ба Вазорати додгустарии Русия дастур дод, протоколи анҷоми тағйирот дар қарордоди кӯмакҳои ҳуқуқии мутақобили ду кишварро пас аз касби тавофуқ бо Эрон имзо кунад.

Қарордоди кӯмакҳои мутақобили ҳуқуқии Эрон- Русия аз ҷумлаи пояи ҳамкориҳои ду кишвар дар расидагӣ ба парвандаҳои маданиву кайфарӣ (гражданӣ ва ҷиноӣ) аст, ки масоили марбут ба маҳрамона будан ва маҳдудиятҳо дар истифода аз иттилооти дархостиро дар бар мегирад.

Ин санад ҳамчунин мавориди адами истирдоди мазнунону муттаҳамони байни ду кишвар ва дигар масоилро шарҳ медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа эълом шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда (бистуҳафтуми март) ба даъвати расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Маскав сафар мекунад.

Раисони ҷумҳурии Эрону Русия тайи се соли гузашта ҳашти бор бо якдигар ба сурати дуҷониба ё дар ҳошияи нишастҳои байналмилалӣ дидору гуфтугӯ кардаанд.

 

Барчасп