Март 25, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • “Абама-кер” бо вуҷуд интиқодоти фаровон ба он, ҳудуди 20 миллион шаҳрванди амрикоиро таҳти пӯшиши бимаӣ қарор додааст.
    “Абама-кер” бо вуҷуд интиқодоти фаровон ба он, ҳудуди 20 миллион шаҳрванди амрикоиро таҳти пӯшиши бимаӣ қарор додааст.

Дар пайи нокомии ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагони Амрико барои тасвиби лоиҳаи ҷадиди низоми бимаҳои дармонӣ, Кохи сафед талош барои аз байн бурдани “Абамакер” –ро канор гузошт.

Бо ин иқдом, давлати Доналд Трамп нахустин шикастро дар рӯёрӯӣ бо қувваи қонунгузории Амрико таҷриба кард. Ин дар ҳоле буд, ки ҷумҳурихоҳон дар ҳафт соли гузашта ва аз замони тасвиби қонуни “Ҳифозат аз бемор ва муроқибати қарин ба сарфа”, мавсум ба “Абама-кер”, борҳо ва борҳо бо он мухолифат карда буданд. Доналд Трамп низ дар даврони рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2016 таъкид карда буд, ки дар сурати роҳёбӣ ба Кохи сафед, дар аввалин талош дар ҳавзаи қонунгузорӣ, қонуни “Абама-кер”-ро нобуд хоҳад сохт. Вай “Абама-кер”-ро фоҷиаомезтарин қонуни тасвибшуда дар таърихи Амрико хонда буд.  

Бо ин ҳол, талош барои аз байн бурдани муҳимтарин мероси Барак Абама, раиси ҷумҳурии демократҳои пешини Амрико дар ҳавза иҷтимоӣ, ҳатто бо ҳузури ҳамзамони ҷумҳурихоҳон дар ду қувваи иҷроия ва қонунгузорӣ низ ҳосил нашуд. “Абама-кер” бо вуҷуд интиқодоти фаровон ба он, ҳудуди 20 миллион шаҳрванди амрикоиро таҳти пӯшиши бимаӣ қарор додааст. Умдаи ин афрод дар зумраи фақиртарин афроди ҷомеа ҳастанд, ки тавони хариди бимаҳои хусусиро надоранд ва корфармоёне низ вуҷуд надоранд, ки ин афродро бима кунанд. Бинобар ин, бидуни “Абама-кер” агар ин афрод дучори беморӣ шаванд ё ба дору ниёз дошта бошанд, умеде ба зинда мондан нахоҳанд дошт.

 Ҳамин масъала низ бархе аз мунтақидони ҷумҳурихоҳи “Абамакер”-ро дар ҳамроҳӣ бо лоиҳаи пешниҳодии давлати Трамп дучори тардид кардааст. Раъй ба ин лоиҳа амалан 20 миллион шаҳрванди баҳраманд аз бимаҳои “Абама-кер”-ро аз чунин хадамот маҳрум месохт. Бидуни ин ки ҷойгузине барои он таъйин мекард. Демократҳои Маҷлиси намояндагон қатъиян бо канор гузоштан бимаҳои “Абама-кер” мухолифат карданд ва ҳеҷ кадом аз онон ҳозир ба ҳамроҳӣ бо давлати Трамп нашуданд. Аммо дар байни ҷумҳурихоҳон низ гурӯҳе аз ҳамроҳӣ бо Кохи Сафед худдорӣ карданд. Ин гурӯҳ аз намояндагони ҷумҳурихоҳ нигарон буданд, ки ҳазфи бимаҳои арзон- қимат барои қишрҳои фақир, ба мавқеияти онон дар интихоботи сол 2018 латмаи ҷиддӣ ворид намояд ва шонси ононро барои роҳёбии навбатӣ ба Конгресс аз байн бибарад.

Дар айни ҳол , гурӯҳе аз ҷумҳурихоҳони миёнарав, канор омадан бо қонуни дар ҳоли иҷрои “Абама-кер”-ро ба вуруд ба арсаи ношинохтаи лоиҳаи пешниҳодии давлати Трамп тарҷеҳ доданд. Ба вижа ин ки Трамп дар қимори хатарнок дар рӯзи панҷшанбе барои Конгресс муҳлат таъйин кард ва ҳушдор дод, ки агар лоиҳаи пешниҳодии давлат дар рӯзи ҷумъа ба раъй гузошта нашуд, Кохи сафед аз талош барои ҷойгузин кардани “Абама-кер” канор хоҳад кашид. Ба иборати дигар, давлат фурсатро барои ройзаниҳои бештари намояндагони маҷлис аз байн бурд ва иҷоза надод миён мувофиқин ва мухолифини низоми бима тафоҳум эҷод шавад.

Ба ҳар ҳол, акнун яке аз муҳимтарин ваъдаҳои Трамп дар даврони рақобатҳои интихоботӣ бо монеаи Конгресс таҳти контроли ҷумҳурихоҳон мувоҷеҳ шудааст. Пешбинӣ мешавад, ин мавзӯъ шикофҳои сиёсӣ миёни ҷиноҳҳои мухталиф дар даруни ҳизби ҷумҳурихоҳро шиддат бахшад. Зимни ин ки бисёре аз раъйдиҳандагони амрикоиро дар идомаи ҳимоят аз ҷумҳурихоҳон дар интихоботи оянда дучори тардид хоҳад кард. Бо ин ҳол, шикасти Трамп дар нобуд кардани “Абама-кер” низ пирӯзии демократҳо нахоҳад буд. Зеро ин қонун ба эътиқоди сарони Ҳизби демократ ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад ва агар Конгресс дар ин росто қадаме барнадод, демократҳоро ба унвони мубтакирони тасвиби ин қонун аз чашми раъйдиҳандагон хоҳад андохт.