Март 25, 2017 16:26 Asia/Dushanbe
  • Маскав иттиҳоми НАТО-ро дар бораи Толибон рад кард

Русия иттиҳоми НАТО-ро дар мавриди ҳимояти ин кишвар аз Толибон рад кард.

Ба гузориши ИРНА, генерал  Игор Конашенков- сухангӯи Вазорати дифои Русия имрӯз эълом кард, изҳороти фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Аврупо, ки Русияро ба ҳимоят аз ҷунбиши Толибон муттаҳам карда беасос аст.

Сухангӯи Вазорати дифои Русия афзуд, ки ин иддао дар Сенати Амрико барои тахсиси буҷаи бештар ба фармондеҳи неруҳои амрико ва НАТО дар Аврупо матраҳ шудааст ва қобили таҳлили ҷиддӣ нест.

Генерал Игор Конашенков бо баён ин ки Петагон, дар 16 соли ҳузури низомӣ дар Афғонистон, натавонист авзои ин кишварро босубот кунад, гуфт, Русия аз соли 1989 дар Афғонистон ҳузур надорад, аммо генерали амеркоӣ барои тавҷеҳи нокомиҳои худ, иқдомоти Маскав дар ин кишварро баҳона қарор медиҳад.

Фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва Амрико дар Аврупо, ба тозагӣ дар гузориши худ ба Сенати ин кишвар бидуни ҳеч ишора ба ҳеч санаде, гуфтааст, ки Русия манобеи молӣ ва таслиҳотии Толибони афғонро таъмин мекунад.

 

Барчасп