Март 26, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба таҳримҳои Амрико зидди ширкатҳои русӣ

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия таҳримҳои Амрико зидди ширкатҳои русиро барои Вашингтон бесамар хонд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Мария Захарова, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия бо ибрози таассуф аз вазъи таҳримҳои ҷадиди зидди шуморе аз ширкатҳои русӣ тавассути Амрико эълом кард, ин таҳримҳо дар ростои манофеи амниятии Вашингтон нест .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Русия бо ишора ба инки таҳримҳои Амрико зидди шуморе аз ширкатҳои русӣ барои он кишвар мушкиле бавуҷуд намеоварад, афзуд, Вашингтон далели қонеъкунандае барои вазъи ин таҳримҳо эълом накардааст .

Мария Захарова тасреҳ кард, вазъи таҳрими зидди ширкатҳои русӣ фақат ба баҳонаи ҳамкории онҳо бо ҷумҳурии исломии Эрон ва Сурия наметавонад қобили қабул бошад.

Ин мақоми рус гуфт, таҳримҳо бо авлавияти таъиншуда аз сӯи Вашингтон дар бораи ҷанг бо терроризм ба хусус дар Сурия дар таноқуз аст ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ, ки фаъолияти онҳо амнияти кишварҳои мухталифи дунё аз ҷумла Амрикоро таҳдид мекунад, зери суол мебарад.

Мария Захарова афзуд, давлати Амрико дар масири ҷарёне қарор гирифтааст, ки тахриби равобити Маскав-Вашингтон авлавияти он аст .

Яке аз мақомоти Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи шанбе бо эъломи хабари таҳрими ҳашт ширкати русии дар иртбот бо Эрон, Кореяи Шимолӣ ва Сурия хотирнишон кард, ин таҳримҳо илова бар таҳримҳои иқтисодиест, ки дар соли 2014 ба иллати илҳоқи шибҳҷазираи Қрим ба Русия ва даргириҳои шарқи Украина, алайҳи Маскав эъмол шудааст .

 

Барчасп