Март 26, 2017 14:36 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Туркия барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо ҳамапурсӣ баргузор мекунад

Раисҷумҳури Туркия аз эҳтимоли баргузории ҳамапурсӣ барои идомаи музокироти узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо хабар дод.

Ба иттилои Ирно, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия шанбе шаб дар маросиме дар Анталия афзуд: Анкара барои идомаи музокироти узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо пас аз ҳамапурсии тағйири Қонуни асосӣ тасмим мегирад .

Эрдуғон бо интиқод аз интизори даҳҳосолаи Туркия барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо гуфт, идомаи ин вазъият пазируфтанӣ нест .

Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин ҳушдор дод, бархе кишварҳои аврупоӣ бояд мавзеъгирии хасмонаи худашонро зидди Анкара поён диҳанд ва сиёсатмадорони аврупоӣ бояд ба рафторҳои иштибоҳи худ пай бубаранд ва аз масири иштибоҳ баргарданд .

Равобити Туркия бо Иттиҳоди Аврупо бавижа аз замоне, ки ду кишвари узви ин иттиҳоди яъне Олмон ва Ҳолланд гирдиҳамоиҳои таблиғотии чанд вазири туркияӣ барои ҳамапурсии тағйири Қонуни асосии ин кишварро дар хоки худашон лағв карданд, тира шудааст .

Ҳамапурсии ислоҳи 18 моддаи Қонуни асосии Туркия барои гузар аз низоми парлумонӣ ба низоми раёсатӣ 16 апрел баргузор мешавад .

 

Барчасп