Март 27, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Русия: Шӯрои амният ба нақши Амрико дар куштори Мусил расидагӣ кунад

Русия аз Шӯрои амнияти Созмони милал хост, иқдоми ҷангандаҳои амрикоиро дар қатли оми мардуми Мусил баррасӣ кунад.

Ба гузориши ИРНА, Русия аз Шӯрои амнияти Созмони милал хост, барои баррасии идомаи қатли оми мардуми Мусил, дар бомбаборонҳои Амрико нишасти фаврӣ баргузор кунад.

Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия имрӯз (душанбе) эълом кард, дар ҳамлаи ҳавоии 10 рӯзи пеши Амрико ба Мусли Ироқ, ҳудуди 100 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Лавров дар конфронси матбуотии муштарак бо Андҷелино Алфано-вазири хориҷа Италия дар Маскав гуфт, баид аст, Шӯрои амният дар ин маврид назари воҳиде дошта бошад, вале пурсишҳои худро матраҳ хоҳем кард, то вазъиятро контрол кунем.

Вазири хориҷаи Русия афзуд, итминон дорам, ки бомбаборони ахир беш аз як соат идома дошта ва ин ки дар ин муддат, амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ нашуда бошанд, ки манотиқи ҳадафи бомбаборон, низомӣ нест, аҷиб аст.

 

Барчасп