Март 29, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Чолишҳои Бритониё бо оғози расмии раванди хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо

Саранҷом пас аз моҳҳо баҳсу кашмакиши сиёсӣ, раванди хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (Brexit) расман оғоз шуд.

Терезе Мэй, нахуствазири Бритониё номаеро хитоб ба раиси Шӯрои Аврупо навишт, ки дар он расман фаъол шудани модаи 50 Паймони Лисабон, барои хурӯҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо дархост шудааст. Ин иқдом сароғози раванди 30 моҳа, барои хурӯҷи нахустини узв аз иттиҳодияи 28 узвии Аврупо хоҳад буд. Дар нахустин гом, қарор аст, сарони 27 узви Иттиҳоди Аврупо дар нишасти фавқулода дар 29 апрел, дархости хурӯҷи Бритониё ва паёмадҳои онро баррасӣ ва сиёсатҳои худро дар қиболи ин тасмим ҳамоҳанг кунанд. Сипас музокироти расмӣ барои қатъи равобити густурда ва бисёр печидаи Лондон бо Брюссел оғоз мешавад. Дар тайи ин музокирт бояд мавзуоти мухталифе аз ояндаи сармоягузориҳои муштараки иқтисодӣ то пайвандҳои молӣ, дастрасӣ ба бозорҳои нерӯи кор, ҳузури шаҳрвандони аврупоӣ дар Бритониё ва шаҳрвандони бритониёӣ, дар ҳавзаи Иттиҳоди Аврупо ва садҳо мавзуи ҳассоси дигар, баррасӣ ва барои онон роҳи ҳалле пайдо шавад. Бархе арзёбиҳо ҳикоят аз он дорад, ки расидан ба тафоҳуми комил миёни Лондон ва Брюссел ба замони беш аз 30 моҳ ниёз дорад. Дар ҳоле, ки тӯлонитар шудани раванди музокирот, фазои сиёсӣ ва касбу корро дар Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо бо ибҳоми бештаре мувоҷиҳ хоҳад кард ва бар табаоти манфии Brexit хоҳад афзуд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати муҳофизакори Бритониё илова бар мушкилоти пеши рӯ дар музокира бо Иттиҳоди Аврупо, дар дохили ин кишвар низ бо қисми васеъе аз мухолифатҳо рӯбарӯ аст. Дар ҳоли ҳозир ҷиддитарин мушкили давлати Тереза Мэй, ки дар айни ҳол, мушкиле барои ҳифзи тамомияти арзии подшоҳии муттаҳидаи мураккаб аз чаҳор минтақаи Англия, Шотландия, Уелс ва Ирландияи Шимолӣ ба шумор меояд, рушди гароишҳои гурез аз марказ дар эътироз ба Brexit аст. Ҳамзамон бо имзои номаи расмии нахуствазири Бритониё барои иҷроӣ шудани модаи 50 Паймони Лисабон, парлумони маҳаллии Шотландия ба давлати ин минтақа иҷоза дод, барои баргузории ҳамапурсии муҷаддад, эъломи истиқлол аз подшоҳии муттаҳида, бо давлати Тереза Мэй музокира кунад. Ин тасмим метавонад сароғози раванди ҷуди Шотландия аз Бритониё пас аз иттиҳоди 300 сола бошад. Дар ҳамапурсии Brexit дар моҳи июни соли гузашта, 62 дарсад аз шаҳрвандони искотландӣ ба боқи мондан дар Иттиҳоди Аврупо раъй доданд. Аз ин рӯ, чӣ басо дар ҳамапурсии дуввум искотландиҳо барои ҷудоӣ аз Бритониё, саранҷом ҷудоиталбон, иттиҳодгароёнро шикаст дода ва кишвари мустақилеро бавуҷуд оваранд, ки имкони узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дошта бошад. Бурузи чунин вазъияте, улгӯе барои минтақа охирон оромишёфтаи Ирландия Шимолӣ хоҳад буд, ки шаҳрвандони он ҳамчун искотландиҳо дар ҳамапурсии Brexit ба боқи мондан дар Иттиҳоди Аврупо раъй доданд.

Бо ин ҳол, ҳатто агар Лондон бо иттихози равишҳои ошкор ва пинҳон иҷозаи таҷзияи подшоҳии муттаҳидаро надиҳад, аммо тақвияти ҷараёнҳои ҷудоиталаб дар Искотланд ва Ирландияи Шимолӣ, қудрати намоиши давлати Бритониё ва шахси Мэйро дар музокироти печидаи хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо бо Брюссел коҳиш хоҳад дод. Ин мавзӯъ метавонад дар ниҳоят, коҳиши дастовардҳои Brexit барои шаҳрвандони бритониёӣ ва латма ба мавқеияти Иттиҳоди Аврупоро ба ҳамроҳ оварад.