Март 29, 2017 17:03 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Русия, Эрон ва Туркия авзои Сурияро беҳбуд бахшидаанд

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия эълом кард, талошҳои Маскав, Теҳрон ва Анкара барои ҳаллу фасли масъалаи Сурия сабаби беҳбудии нисбии авзои ин кишвар шуда, коҳиши қобили таваҷҷуҳи хушунатро дар пай доштааст.

Ба гузориши ИРНА, Лавров дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи русии «Аргументы и факты», ки имрӯз, чаҳоршанбе, интишор ёфт, гуфтааст, бо талошу иқдомҳои муштараки Маскав, Теҳрон ва Анкара, оташбас байни артиши Сурия ва шуморе аз гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ барқарор ва назорат ба ин паймон эҷод шудааст. Вазири умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе низ эълом карда буд, Теҳрон, Маскав ва Анкара дар чорчӯби тавофуқҳои нишастҳои сурӣ дар Остона барои ҷудо кардани гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ аз террористҳо талош мекунанд. Сергей Лавров дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Дар давраи собиқ ҳукумати Амрико барои ҷудо кардани мухолифони мусаллаҳи сурӣ аз гурӯҳҳои террористӣ бо Вашингтон ба тавофуқ расидем. Эрон, Русия ва Туркия кишварҳои ҷонибдори нишастҳои Остона барои ҳалли масъалаи Сурия буданд, ки паёмади он тазмини оташбаси фарогиру баргузории нахустин даври музокироти рӯ ба рӯ байни гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ва Ҳукумати Сурия будааст”.

Оташбаси фарогири кунунӣ аз чаҳор моҳ пеш бо тарроҳии Эрон, Русия ва Туркия амалӣ шудаааст, ки дар қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал низ мавриди таъйид қарор гирифтааст.

 

Барчасп