Интиқоди СММ аз авомфиребии сарони кишварҳои зидди Ислом
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз "авомфиребоне, ки терроризмро ба Ислом рабт медиҳанд", интиқод кард.
Ба гузориши ИРНА, Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти ифтитоҳии 28-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар Урдун гуфт, баъзе аз сарони кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд, терроризмро ба Ислом рабт диҳанд. Гутерреш ҳамчунин бо ибрози таассуф аз ин ки бархе кишварҳои пешрафта марзҳои худро бар рӯйи оворагон мебанданд, пойбандии ин кишварҳоро ба тааҳҳуди худ дар қиболи паноҳҷӯён хостор шуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз омодагии ин созмон барои ҳамкорӣ бо ҷаҳони араб барои барқарории сулҳи пойдор хабар дода гуфт, замони он фаро расидааст, ки ба авзои кунунии Сурия сару сомон дода шавад ва музокироти Женева дар бораи ҳалли буҳрони Сурия ба роҳҳалҳои назаррас бирасад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар идома шаҳраксозиҳои ғайриқонунии режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдунро маҳкум карда афзуд, ҳар роҳе ба ҷуз ташкили кишвари мустақили Фаластин мунҷар ба идомаи даргириҳо ва бесуботӣ мешавад.
28-умин иҷлоси сарони Иттиҳодияи Араб рӯзи чаҳоршанбе дар Урдун оғоз шуд.