Март 31, 2017 17:18 Asia/Dushanbe

Шумори кушташудагони инфиҷори террористии рӯзи ҷумъа дар рӯ ба рӯйи масҷиди шиаён дар маркази шаҳри Парачанор, шимолу ғарби Покистон ба 22 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, мақомоти бемористоне дар Покистон ҳамчунин аз афзоиши шумори маҷрӯҳони ин инфиҷори террористӣ то 70 нафар хабар доданд. Ҳоли бархе аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст. Пештар шумори кушташудагон 12 нафар ва шумори маҷрӯҳон ҳудуди 50 нафар эълом шуда буд. Пас аз ин инфиҷор дар шаҳри Парачанор вазъи фавқулодда эълом шуд.

Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар паёме ин ҳодисаи террористиро маҳкум кард.

Шаҳри Парачанор бо беш аз 40 ҳазор нафар ҷамъият яке аз шаҳрҳои шианишин дар минтақаи қабоилии Покистон аст. Ҳодисаи террористии рӯзи ҷумъа дар бозори марказии шаҳри Парачанор дар минтақаи қабоилии Курам Эйҷенсии Покистон чаҳорумин ҳодисаи террористӣ дар як соли гузашта дар ин шаҳр аст.

 

Барчасп