Апрел 01, 2017 16:12 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти ҳабси абад барои куштани гов дар иёлоти Гуҷароти Ҳинд
    Муҷозоти ҳабси абад барои куштани гов дар иёлоти Гуҷароти Ҳинд

Давлати иёлотии Гуҷароти Ҳинд қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он муҷозоти куштани гов ё масрафи гушти он, ҳабси абад аст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, давлати иёлотии Гуҷарот дар ғарби Ҳинд эълом кард, бар асоси қонуни ҷадид, қочоқи гов ва содироти он низ 10 сол ҳабс хоҳад дошт .

Қабл аз ин муҷозоти куштани гов, 622 паунд ҷаримаи нақдӣ ва то ҳафт сол ҳабс буд .

Аз замони оғози нахуствазирии Нарендра Моди дар соли 2014 қавонини марбут ба мамнуъ будани куштани гов ва масрафи гушти он дар Ҳинд шиддат ёфтааст .

Пеш аз ин ҳам ҳизби ҳокими Бхаратя Ҷаната дар иёлоти Уттар Прадеш кушторгоҳҳоро дар манотиқи мухталифи и иёлот таътил карда буд .

Ин ҳизби ифротӣ қабл аз интихоботи ҳафт марҳалаӣ дар ин иёлот ба ҳиндуҳо қавл дода буд, ки агар дар интихобот пирӯз шавад, кушторгоҳҳоро дар ин иёлот таътил хоҳад кард .

Бештари ҳиндуҳои ифротӣ говро ҳайвонӣ муқаддас медонанд, аммо чунин дидгоҳе дар саросари Ҳинд яксон нест батавре, ки бархе аз ҳиндуҳои ҷануби ин кишвар гушти гов масраф мекунанд .

 

Барчасп