Апрел 01, 2017 20:11 Asia/Dushanbe

Дар паи тасвиби тарҳе дар Конгресси миллии Парагвай, ки иҷоза медиҳад, Орасио Картес, раисҷумҳури кунунӣ дубора барои интихобот номзад шавад, муътаризони хашмгин сохтмони конгрессро ба оташ кашиданд.

Ба иттилои шабака телевизионии Presstv, тибқи Қонуни асосии Парагвай мусавваби соли 1992, даврони раёсатҷумҳурӣ ба як давраи панҷсола маҳдуд шудааст .

Парагвай қаблан мустаъмираи Испания буда ва дар соли 1811 истиқлол ёфт, аммо пас аз он ҳукуматҳои диктатории мутааддидеро таҷруба кард .

Алфредо Строесснер, охирин диктатори Парагвай дар соли 1988 соқит ва интихоботи озод дар соли 1993 дар ин кишвар баргузор шуд .

Раъйгирӣ дар бораи ин тарҳи ҷанҷолӣ дар конгресс, ҷумъа шаб пушти дарҳои баста анҷом шуд ва 25 тан аз 45 сенатори конгресс ба он раъйи мусбат доданд .

Муътаризон нигарон ҳастанд, эҷоди тағйир дар Қонуни асосӣ заминаро барои бозгашти ҳукуматҳои диктаторӣ ба Парагвай фароҳам кунад .

Қарор аст, Маҷлиси намояндагони Парагвай, ки ҳаводорони Картес дар он аксарият ҳастанд, рӯзи шанбе ин лоиҳаи ҷанҷолиро ба раъй бигузорад, ки дар сурати тасвиб, зарфи се моҳ ба ҳамапурсӣ гузошта мешавад .

 

Барчасп