Мутаваллии зиёратгоҳ муридони худро ба қатл расонд
Мутаваллии зиёратгоҳе дар яке аз рустоҳои шаҳри Саргудҳо дар Панҷоби Покистон, ба ҳамроҳи ҳамдастонаш 20 нафар аз пайравон ва муридони худро ба қатл расонд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Лиёқат Алӣ Чатта (liaquat ali chatta)- муовини пулиси шаҳри Саргудҳо, гуфт, Абдулваҳид, мутаваллии ин зиёратгоҳ, муридони худро як ба як ба зиёратгоҳ фарохонд ва бо хӯрондани шарбати хобовар, ононро бо чӯбу кор захмӣ ва маҷрӯҳ кард.
Ба гуфтаи вай бархе аз муридон тавонистанд аз ин ҳодиса фирор кунанд, аммо ниерӯҳои пулис ҷасадҳои 16 мард ва чаҳор занро кашф кардаанд.
Лиёқат Алӣ Чатта ба нақл аз яке аз афроди наҷотёфта, гуфт, мутаваллии зиёратгоҳ гуфта буд, бо зарб ва ҷароҳат ҳамаи гуноҳони онон бахшида хоҳад шуд.
Муовини пулиси шаҳри Саргудҳо таъкид кард, пас аз изҳороти афроди маҷрӯҳ, нерӯҳои полис мутавалли зиёратгоҳ ва ҳамдастони ӯро боздошт карданд.
Вай таъкид кард, фарди гумонбар бемории асабӣ ва равонӣ дорад.