Апрел 03, 2017 17:30 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар интихоботи парлумонии Арманистон
    Пирӯзии Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар интихоботи парлумонии Арманистон

Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар интихоботи парлумонии Арманистон ба пирӯзӣ расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, нахустин давраи интихоботи парлумонии Арманистон, пас аз тағйири Қонуни асосии ин кишвар ба поён расид ва Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ бо касби беш аз 49 дарсади оро, бештари курсиҳои маҷлисро аз они худ кард.  

Гагик Сарукян, сармоядори мунтақиди давлат низ бо касби беш аз 27 дарси оро муваффақ шуд, бахше аз курсиҳои маҷлисро ба даст оварад.

Оморе, ки ҳайати назорат бар парлумони Маҷлиси Арманистон мунташир кардааст нишон медиҳад, ки беш аз 60 дарсади воҷидони шароит раъй додан, дар ин интихобот, ки рӯзи дуввуми апрел баргузор шуд, ширкат карданд.

Сергей Лебедев-раиси Кумитаи иҷроии Созмони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ низ аз дурустӣ ва шаффофияти интихоботи парлумонии рӯз якшанбеи Арманистон хабар дод.

Лебедев, ки раёсати ҳайати нозирони Созмони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъро бар ӯҳда дорад, эълом кард, «ин интихобот аз бисёре ҷиҳот беҳтар аз бархе кишварҳои ғарбӣ баргузор шуд, ки саъй дар омӯхтани демократии ба мо доранд.»

Дар низоми ҷадиди ҳукуматӣ дар Арманистон, намояндагони маҷлис ихтиёроти бештаре доранд, аз ҷумла ин, ки ба намояндагӣ аз мардум метавонанд раисиҷумҳури кишварашонро интихоб кунанд.

Чанде қабл дар натиҷаи як ҳамапурсӣ дар Арманистон, низоми парлумонӣ ҷойгузини низоми раёсатӣ шуд.