Апрел 04, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Идомаи сиёсатҳои эронҳаросии Амрико бо сӯистифода аз минбари СММ

Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милал бо эътироф ба иқтидору нуфузи минтақаии Эрон гуфт, бояд муқобили Эрон истод ва Амрико дар ин замина ба дунболи ҷалби ҳамкориҳои кишварҳои минтақа аст. Ӯ ҳамчунин бо такрори иддаоҳои бепоя Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард.

Созмони Милал солҳост, ки ба ниҳоде барои сӯистифодаи Амрико табдил шудааст. Амрико аз ин созмон ва ниҳодҳои вобаста ба он ба унвони василае барои пешбурди мақсаду аҳдофи худ истифода мекунад, дар ҳоле ки бо қатъи кӯмакҳои худ дар таъмини буҷаи Созмони Милал ин ниҳодро дар тангно қарор додааст. Иқдоми дигари хилофи урфи байналмилалии Амрико бо истифода аз Созмони Милал иттиҳом задан ба кишварҳо бидуни далелу санад ва нашри ин иттиҳом ба унвони мавзеи байналмилалист. Ин иқдом, дар воқеъ, таарруз ба ҳуқуқи кишварҳо ва осеб задан ба эътибори миллату давлатҳо аст.

Амрико ба рағми иддаои муқобила бо терроризм барои миллатҳои ҷаҳон, бахусус дар минтақа дастоварде ҷуз ривоҷ додани терроризму ҷанг ва ҷудоиандозию ноамнӣ надоштааст. Корномаи сиёҳи Амрико нишон медиҳад, мавзеъгириҳои Амрико на танҳо дар заминаи мубориза бо терроризм, балки дар дигар шиорҳои матраҳшуда дар робита ба демократия, эҳтиром ба фарҳангҳо ва ҳуқуқи миллатҳо танҳо зоҳирӣ аст ва сирфан навъе аз абзор барои бартар нишон додани низоми арзишии Ғарб ва дар раъси инҳо Амрико нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон аст. Натиҷаҳои ин гуна сиёсатҳоро метавон дар ҳаводиси талхи Сурия, Ироқу Яман ва аз ғарби Осиё то шимоли Африқо мушоҳида кард, ки аз ҳар сӯ гирифтори хушунату ҷанг ва ифротгароӣ шудааст. Дар ин раванд Созмони Милал дар хидмати тамоилоти зиёдахоҳонаи Амрико қарор гирифта, бо вуҷуди интиқодҳои ба такрори ҷомеаи байналмилалӣ аз ин мавзӯъ ин ҷараён ҳамчунон идома дорад. Зуҳури гурӯҳҳои террористӣ, аз ал-Қоида то ДИИШ, Ҷабҳат-ун-нусра, Букуҳаром, аш-Шабоб, Аҳрор-уш-шом ва даҳҳо гурӯҳи хатарнок дигар, ки аз бистарҳои идологияҳои инҳирофӣ ва хушунатгароёнаи Ғарб берун омадааст, маҳсули ин сиёсат аст, ки имрӯз ҳеҷ ҳадду марзеро ҳам намешиносад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо таъкид кардааст, ки бояд бо ифротгароӣ ва хушунатталабӣ ҷиддӣ бархӯрд шавад. Агар бо терроризме, ки беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Эронро қурбони хушунату аҳдофи тарҳрезишуда аз сӯйи Амрико ва душманони Эрон кард, аз ибтидо бархӯрди ҷиддӣ мешуд, имрӯз иқдомоти ифротгароёна то ин андоза густариш намеёфт ва фарогир намешуд. Имрӯз ҳамсоягони Эрон гирифтори терроризму ноамнӣ ҳастанд ва Амрико бо фарофиканӣ наметавонад сурати масъаларо иваз кунад. Иттиҳомоти намояндаи Амрико алайҳи Эрон дар Созмони Милал ва таъкиди ӯ ба талоши Амрико барои тарғиби кишварҳои минтақа ба муқобила бо Эрон, дар воқеъ, тағйири сурати масъала ва таҳрифи воқеият аст. Дар ҳоле ки афкори умум Амрикоро масъули ноамниҳое медонанд, ки минтақаву ҷаҳон гирифтори он шудааст.