Видео: Кишоварзи нагунбахт дар шиками мори питон (15+)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15328-Видео_Кишоварзи_нагунбахт_дар_шиками_мори_питон_(15_)
Як кишоварзи индонезияӣ як ҳафта пас аз нопадид шуданаш, дар шиками як мори питони ҳафт метрӣ пайдо шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 04, 2017 17:34 Asia/Dushanbe

Як кишоварзи индонезияӣ як ҳафта пас аз нопадид шуданаш, дар шиками як мори питони ҳафт метрӣ пайдо шуд.

Ба иттилои шабакаи Алъолам, полиси Индонезия ҷасади ин кишоварзи нагунбахтро як ҳафта пеш дар шиками як мори питон пайдо кард .

Дар амалиёти ҷустуҷу барои ёфтани ин кишоварз, як мори питон ба дасти мардум шикор шуд ва нерӯҳои полис ин морро, ки ба гуфтаи онҳо ҳафт метр тӯл дошт, куштанд ва ҷасади кишоварзро дар шикамаш пайдо карданд .

Ин навъи мор мавсум ба питони машбак “Reticulated Pythons” аз бузургтарин хазандагон дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки қурбониёни худро ибтидо нафасгир мекунад ва сипас ме‌балъад .