Апрел 05, 2017 10:50 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии  тоҷикони муқими Санкт-Петербурги Русия аз паёмадҳои иқдоми террористии охир

Дар пайи иқдоми охири террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ҷомеаи садҳазорнафарии тоҷикони муқими ин шаҳр ва атрофи он аз эҳтимоли ташдиди сиёсати муҳоҷирситезӣ нигаронанд.

Ба гузориши сайти Ахбор, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба унвони коргар дар бахши сохтусоз, ронандагии таксӣ, хадамоти шаҳрӣ ва марказҳои тиҷорӣ фаъолият мекунанд, аз бештар шудани сиёсати муҳоҷирситезӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ибрози нигаронӣ мекунанд.

Бар асоси таҷрибаи қаблӣ, пас аз вуқӯи иқдомоти террористӣ дар Русия, таблиғоти расонаии манфӣ зидди шаҳрвандони ин кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мешавад, ки ин амр бо таҳаррукоти гурӯҳҳои миллигарои ифротӣ зидди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ҳамроҳ аст.

Бар асоси ин гузориш, пас аз вуқӯи инфиҷори террористии охир дар метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, бештари ҷамъияти 600-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки коркунони бозоре дар наздикии маҳалли ин ҳодиса будаанд, аз рафтан ба маҳали кор худ худдорӣ кардаанд.

Ҳамчунин теъдоди зиёде аз тоҷикони муқими Санкт-Петербург аз тарси ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои миллигарои ифротӣ, фарзандони худро ба мактабҳо ва кӯдакистонҳо нафиристодаанд.

То ором шудани авзо ва рафъи иттиҳом аз як гумонбари шаҳрванди Қирғизистон дар инфиҷори террористии охир, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хатари боздошт, ихроҷ, ташдиди контроли идораҳои амниятӣ ва интизомӣ бар онон ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои миллигарои ифротӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Бар асоси гузориши мақомоти амниятии Русия бо вуқӯи ду инфиҷори пай дар пай дар як истгоҳи метро дар шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар 14 нафар кушта ва 49 тан захмӣ шуданд.