Пешниҳоди номи ҷадид барои ҷумҳурии Туркия
(last modified Wed, 05 Apr 2017 15:44:56 GMT )
Апрел 05, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди номи ҷадид барои ҷумҳурии Туркия

Умит Авздоғ, узви Парлумони Туркияи рӯз чаҳоршанбе гуфт, ба зудӣ баҳсу гуфтугӯ дар бораи тағйири номи ҷумҳурии Туркия оғоз хоҳад шуд.

Ба иттилои пойгоҳи Сумрия Ниюз, Авздоғ, ки намояндаи шаҳри Ғозӣ Антоб аст, дар як ҳамоиш гуфт: “Ба зудӣ музокирот дар бораи тағйири номи ҷумҳурии Туркия ба давлати федерали Анатолия оғоз хоҳад шуд”.

Ӯ бо баёни инки барои эъломи ин хабар дар интизори дастёбӣ ба як санад буда, таъкид кард, акнун, ки ин санадро ба даст овардааст, хабарро расонаӣ мекунад .

Авздоғ дар бораи ояндаи ташкили ҷумҳурии туркнишин дар шимоли Кипр низ гуфт, ки тасаввур мекунад, Эрдуғон ин мавзуъро аз феҳристи авлавиятҳои давлати Туркия хориҷ кунад.