Апрел 05, 2017 21:33 Asia/Dushanbe

Ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии шаҳри Лоҳури устони Панҷоби Покистон ба кушта шудани шаш нафар ва захмӣ шудани 15 тани дигар мунҷар шуд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, омили интиҳорӣ як ҷавони 18 то 22 сола буд, ки ҷилиқаи инфиҷории худро канори мошини ҳомили маъмурони саршумории нуфус ва маскан мунфаҷир кард .

Ин нахустин ҳамлаи террористӣ ба гурӯҳҳои саршумории нуфус ва маскан дар Покистон аст .

Саршуморӣ дар Покистон, ки аз 19 сол қабл ба далели афзоиши ноамниҳо анҷом намешуд, аз як моҳ қабл бори дигар оғоз шудааст .

 

Барчасп