Апрел 08, 2017 16:08 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Амрико ғайри қобили пешбинитарин кишвар дар ҷаҳон аст

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия собит кард, ки Амрико ғайри қобили пешбинитарин кишвар дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши Спутник, Мария Захарова- сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, имрӯз шанбе таъкид кард, ҳамлаи ахири Амрико ба Сурия нишон дод, ки Амрико ғайри қобили пешбинитарин кишвар дар ҷаҳон аст.  

Захарова идома дод, адами вуҷуди як стратегияи мушаххас дар Вашингтон ба ҷангҳои нухбагон, дар Вашингтон муртабит мешавад.

Вай афзуд, ҳамлаи Амрико дар Сурия ҳеҷ иртиботе ба талошҳо барои кашфи ҳаққоқиқ дар бораи истифода аз таслиҳоти кимиёвӣ дар Идлиб надорад.

Захарова ҳамчунин гуфт, Русия мавориди зиёдеро бояд тайи нишасти ҳафтаи оянда бо Рекс Тиллерсон-вазири умури хориҷаи Амрико дар Маскав, дар миён бигузорад.

Бомдоди рӯзи ҷумъа даҳҳо мушак аз ду нови амрикоӣ ба самти пойгоҳи ҳавои «Шаирот» дар Ҳумс шиллик шуд.

Ҳадаф аз ин ҳамлаи мушакӣ, пойгоҳи ҳавоии «Шаирот» дар устони Ҳумс будааст. Амрикоиҳо муддаианд, ки ҷангандаҳои артиши Сурия бо парвоз аз ин пойгоҳи ҳавоӣ ба Хон Шайхун, ҳамла кардаанд ва ин ҳамлаи мушакӣ дар талофии ҳамлаи кимиёвӣ ба Хон Шайхун анҷом шудааст.

Расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз мақомоти низомӣ, омори мухталифе аз теъдод  мушакҳои шилликшуда ба самти ин пойгоҳ медиҳанд, ки ададҳо байни 43 то 70 мушак дар тағйир аст.

Тиллерсон-вазири хориҷаи Амрико гуфт: «Мо яқин дорем, ки давлати Сурия аз гази сорин барои ҳамла ба Идлиб истифода кардааст.»

Бо ин ҳол Пентагон эълом кард, ки барномае барои ҳамалоти бештар алайҳи Сурия надорад.