Апрел 10, 2017 11:43 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар шимоли Афғонистон

Мақомоти низомии Афғонистон аз кушта шудани ҳашт ҷангҷӯи тоҷикистонӣ дар амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Толибон, дар ноҳияи Дашти Арчӣ аз тавобеъи вилояти Қундуз дар наздикии марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба гузориши сойти Ахбор, Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки дар амалиёти шабона бо истифода аз паҳподҳо дар ин минтақа, яке аз фармондеҳони гурӯҳи Толибон ва 14 узви ин гурӯҳ кушта шудаанд, ки ҳашт нафар аз ин афрод шаҳрвандон Тоҷикистон будаанд.

 Ин дар ҳоле аст, ки генерал Саидқурбон Мӯсавӣ, фармондеҳи урдуи рақами 20 "Помир” шумори кушташудаҳо бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар ноҳияи Дашти Арчиро 12 нафар баршумурда, гуфтааст, ки 6 нафари онҳзо ҷангиёни хориҷӣ буданд. Генерал Мӯсавб бидуни овардани ҷузъиёти дигари амалиёти Дашти Арчӣ ҳалокати Асадуллоҳ Мазлумёр, муовини волии худхондаи Қундуз аз тарафи Толибонро низ тасдиқ кардааст.

Гурӯҳи Толибон то ба ҳол дар бораи ин хабар, ибрози назар накардааст.

Мақомоти амниятии Афғонистон мегуянд, тайи ду соли ахир гурӯҳҳои ифротии Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ва ҷиҳодии исломие, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ узви он ҳастанд, бо истиқрор дар шимоли ин кишвар, дар наздикии марзҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон қасди вуруд ба дохили ин кишварҳоро доранд.

Ин мақомот муътақиданд, ки аз ҳафт ноҳияи вилояти Қундуз танҳо се ноҳия дар контроли ҳукумат аст ва чаҳор ноҳияи дигар таҳти тасаллути мухолифон қарор гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия дар сафари рӯзҳои 27 ва 28 феврали имсол Владимир Путин-раисиҷумҳури Русия ба Душанбе, дар бораи ҳифозат аз марзи муштараки наздик ба як ҳазору 400 километрии Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳузури низомёни руси мустақар дар пойгоҳ 201 ва неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба тавофуқ расиданд.

 

Барчасп