Апрел 10, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Талоши Трамп барои таҳрими бештари Эрон ва Русия

Намояндаи доими Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, Доналд Трамп-раисиҷумҳури ин кишвар, дар ҳоли баррасии эъмоли таҳримҳои ҷадид ва шадидтар бар Эрон ва Русия аст.

Ба гузориши ИРНА, Никки Ҳейлӣ якшанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии СНН Амрико, бо ишора ба ҳимоятҳои Эрон ва Русия аз давлати Башор Асад-раисиҷумҳури ин кишвар дар ҷанги шаш солаи Сурия бо террористҳо гуфт, акнун Трамп ва гурӯҳи ӯ, дар ҳоли баррасии имкони таҳрими бештар Эрон ва Русия ба хотири ҳимоят аз Сурия ҳастанд.

Никки Ҳейлӣ афзуд, дар бораи вазъи таҳримҳои сахттар алайҳи Эрон ва Русия, ҳеҷ гузинае аз рӯйи миз ҳазф нашудааст.

Пас аз шаш сол нотавонии террористҳо дар сарнагун кардани низоми Сурия, ин рӯзҳо Амрико, талоши фаровонеро барои заиф кардани давлати Сурия оғоз кардааст.

Дар ҷадидтарин маврид аз ин талошҳо, Амрико бомдоди ҷумъа ба баҳонаи ҳамлаи кимиёвии машкуки сешанбеи гузашта, ба минтақаи Хон Шайхун дар устони Идлиби Сурия, 59 адад мушакро аз рӯйи ду нови ҷангии худ дар Баҳри Миёназамин ба пойгоҳи ҳавоии ал Шаъирот ва рустоҳои атрофи он дар Ҳумси Сурия шиллик кард, ки бар асари он, 9 нафар аз ҷумла чаҳор кӯдак кушта шуданд.

Амрико, Туркия, режими саҳюнистӣ, Арабистон ва Қатар ба унвони бузургтарин ҳомиёни гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористии ҳозир дар Сурия, давлати Димишқро ба ҳамлаи кимиёвӣ ба Хон Шайхун муттаҳам мекунанд, аммо Димишқ ин иттиҳомро ба шиддат рад кардааст.

 

Барчасп