Дархости аҷиби Эрдуғон аз Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i15584-Дархости_аҷиби_Эрдуғон_аз_Русия
Раисиҷумҳури Туркия аз Русия хост, дар сиёсати ҳимояти худ аз давлати Сурия бознигарӣ кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 10, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Дархости аҷиби Эрдуғон аз Русия

Раисиҷумҳури Туркия аз Русия хост, дар сиёсати ҳимояти худ аз давлати Сурия бознигарӣ кунад.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони туркии “Kanal 24” иддао кард, гузоришҳои пизишки қонунии Туркия ва иттилоот радарҳо нишон медиҳад, ки низоми Башор Асад омили ҳамлаи кимиёвӣ ба минтақаи Хон Шайхун дар рӯзи чаҳорум апрели 2017 аст.

Вай афзуд, бархе иддао мекунанд, ки бомбаҳои кимиёвӣ аз манотиқи таҳти контроли мухолифон ба сӯи манотиқи маскунӣ партоб шуд, вале ин иддао комилан нодуруст аст.

Раисиҷумҳури Туркия ҳамчунин муддаӣ шуд, иттилооти радари ҳавоӣ паймоҳое, ки ба гуфта ӯ “бомбаҳои кимиёвӣ бар сари мардуми Хон Шайхун фурӯрехтанд” назди ӯ аст.

Эрдуғон дар бораи ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи ал Шаъироти Сурия низ гуфт, «ман аз ҳамлаи Амрико ҳимоят мекунам, вале ин ҳамла дер оғоз шуд ва аз Русия мехоҳам, ки алайҳи Башор Асад вориди амал шавад ва ба Амрико бипайвандад ё ҳаддиақал аз кумак кардан ба Башор Асад даст бардорад.».