Апрел 10, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости ЮНИСЕФ барои озодии кӯдакони зиндонии рохингяӣ дар Мянмар

Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид UNICEF аз давлати Мянмар хост, кӯдакони рохингяиро, ки дар амалиёти низомии артиши ин кишвар боздошт шудаанд, озод кунад.

Ба иттилои хабаргузории Фаронса, Ҷастин Форсайт, муовини мудири иҷроии ЮНИСЕФ дар сафари кӯтоҳ ба Мянмар гуфт: Иттилооти марбут ба ҳудуди 12 кӯдаки рохингяии зиндонӣ дар зиндони мавсум ба Бутидоунгро дар ихтиёри Аунг Сан Су Чӣ, мушовири аршад ва вазири умури хориҷаи Мянмар қарор додааст .

Дар амалиёти ахири артиши Мянмар зидди мусулмонони Рохингя дар шимоли устони ноороми Рахин беш аз 600 нафар токунун боздошт шудаанд .

Устони Рахин дар шимоли ғарби Мянмар маҳалли сукунати шумори зиёде аз мусулмонони Рохингя, аз соли 2012 саҳнаи хушунатҳои ифротгароёни буддоӣ зидди онон аст .

Дар ин хушунатҳо садҳо мусулмон кушта ва даҳҳо ҳазор нафар аз бими ҷони худ хонаҳояшонро тарк карда ва дар урдугоҳҳои дохилӣ дар Мянмар ҳамчунин дар Тайланд, Малайзия, Индонезия ва Бангладеш дар шароити сахт зиндагӣ мекунанд .

Бино бари эъломи Созмони милали муттаҳид, мусулмонони Рохингя аз мазлумтарин ақаллиятҳои ҷаҳон ҳастанд, ки қурбонии бештарин озору азият ва хушунатҳо мешаванд .