“Гардиан”: Дунё дар остонаи ҷанг фоҷиабор аст
(last modified 2017-04-11T13:59:40+00:00 )
Апрел 11, 2017 18:59 Asia/Dushanbe
  • “Гардиан”: Дунё дар остонаи ҷанг фоҷиабор аст

Рӯзномаи "Гардиан", чопи Лондон навишт, Ҳукумати Амрико бо иттихози сиёсатҳои танишзо ва ҷангафрӯзона дунёро дар остонаи ҷанги фоҷиабор қарор додааст.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи "Гардиан", ҳамалоти ҳавоии ахири Амрико ба Яман, Ироқу Сурия қарор буд, гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ-ро ҳадаф қарор диҳад, аммо садҳо шаҳрванди ғайрнизомӣ дар ин кишварҳо дар ҳамлоти ҳавоии Амрико кушта шуданд. Бар асоси ин гузориш, Ҳукумати Амрико манотиқи даргири ҷангро дар Сомалию Яман густариш додааст ва талош мекунад, ноамнӣ ва ҷанг ба нуқоти дигар низ сироят кунад.

Дар гузориши “Гардиан” омадааст, Амрико бо барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ бо қудратнамоии бештаре вокуниш нишон медиҳад ва бо даргир шудан дар кишварҳое, ки қудрати низомии вежа қаламдод мешаванд, дунёро дар остонаи ҷанги фоҷиабор қарор додааст.

 

Барчасп