Ходорковский: Дар интихоботи 2018 аз Навалний ҳимоят кунед
Апрел 16, 2017 09:44 Asia/Dushanbe
-
Михаил Ходорковский
Раҳбари мухолифони Русия аз мардуми ин кишвар хост, дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2018, аз Алексей Навалний -мухолифи барномаҳои давлати феълии Русия, ҳимоят кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Михаил Ходорковский-раҳбари мухолифони Русия, ҳамчунин аз тарафдорони худ хост аз номзадии Дмитрий Гудков, ки аз намояндагони мухолифи пешини парлумони Русия аст, дар интихоботи шаҳрдории Маскав, ки сентябри 2018 баргузор мешавад, ҳимоят кунанд.
Навалний аз мухолифони давлати Русия, ки ба ҷурми баргузории тазоҳуроти ғайриқонунии зидди фасод дар Маскав боздошт шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе пас аз 15 рӯз ҳабс аз зиндон озод шуд.
Барчасп