Апрел 16, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи саҳюнистӣ: Абубакри Бағдодӣ тавассути Русия дастгир шудааст

Як рӯзномаи режим саҳюнистӣ навишт, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сюрпризеро дар бораи Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ барои ғарб омода кардааст.

Рӯзномаи саҳюнистии “Алом ҳазия” навишт: Нерӯҳои вижаи русӣ бо ҳамкории нерӯҳои Сурия тавонистааст, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар амалиёте бениҳоят печидаи иттилоотӣ дастгир кунад .

Ин рӯзнома афзуд, созмони иттилоотии Русия ба дастури раҳбарони аршади Русия дар бораи ин мавзуъ пинҳонкорӣ кардааст .

“Алом ҳазия” дар идомаи ин хабари худ овардааст, Путин мехоҳад, баъд аз поёни кори бозҷуӣ аз саркардаи ДИИШ, сюрпризе барои ғарб омода кунад .

Бар пояи ин гузориш, дар сооти гузашта ва пеш аз интишори ин хабар, бархе хабарҳо ҳикоят аз парвози ғайриоддии нерӯи ҳавоии Русия дар пойгоҳи ҳавоии Ҳамимим дар Сурия дошт, ки илали он равшан нашудааст .