Пирӯзии заифи мувофиқони ислоҳи Қонуни асосии Туркия ва эътирози мухолифон
(last modified Mon, 17 Apr 2017 07:54:59 GMT )
Апрел 17, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии заифи мувофиқони ислоҳи Қонуни асосии Туркия ва эътирози мухолифон

Бо эъломи пирӯзии шиканандаи мувофиқони ислоҳи Қонуни асосӣ дар ҳамапурсии Туркия, мардуми шаҳрҳои Анкара ва Истамбул бо баргузории тазоҳурот ба натиҷаи ин ҳамапурсӣ, эътироз карданд.

Хабаргузории давлатии “Анатоли” гузориш дод, бо шумориши 99 дарсад аз сандуқҳои раъй мушаххас шуд, 51.4 дарсад аз ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ бо тағйирот дар Қонуни асосии Туркия, ки қудрат ва ихтиёроти раисҷумҳуриро афзоиш медиҳад, мувофиқат карданд.

Бо эъломи натиҷаи ҳамапурсии рӯзи якшанбе, гурӯҳе аз мардуми Истамбул ва Анкара ба ончи пирӯзии иддаоии Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳамапурсӣ медонанд, эътироз карданд.

Натиҷаи шумориши оро нишон медиҳад, шаҳрвандон дар шаҳрҳои бузурги Туркия бо ислоҳоти Қонуни асосии ин кишвар мухолифат кардаанд.

Дар Истамбул, бузургтарин шаҳри Туркия, 51.3 дарсад аз ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ ба ин ислоҳот "на" гуфтанд ва 51.1 дарсад аз раъй диҳандагон дар Анкара-пойтахти сиёсии Туркия низ бо ин ислоҳот мухолифат карданд.

Раъйи мухолифони ислоҳот дар шаҳри соҳилӣ ва туристии Измир, 68.8 дарсад ва дар Диёрбакр бо аксарияти курд, 67.6 дарсад эълом шуд.

Аз сӯи дигар ҳамзамон бо тазоҳуроти эътирозӣ дар Анкара ва Истамбул, ҳаводорони давлат Туркия бо таҷаммӯъ дар маконҳои умумӣ ва майдонҳо, ҷашни пирӯзӣ гирифтанд.

Дар натиҷаи ин ҳамапурсӣ, низоми сиёси Туркия аз парлумонӣ ба раёсатӣ табдил мешавад ва бо таърифи ду давраи панҷсола барои ҳузури раисиҷумҳур дар қудрат, роҳ барои раёсатҷумҳурии Эрдуғон, то сол 2029 боз мешавад.

Ҳамчунин симати нахуствазирӣ ҳазф шуда ва раисиҷумҳур аъзои кобинаро муаррифӣ мекунад.