Июл 16, 2016 08:36 Asia/Dushanbe
  • Шикасти табаддулот дар Туркия

Пас аз чанд соати даргирӣ миёни артиш ва ҳаводорони Ҳукумати Туркия мақомҳои расмӣ дар Анкара аз шикасти табаддулот хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия гуфтааст, авзоъ комилан таҳти контрол аст ва раиси ситоди артишу фармондеҳон авзоъро дар ихтиёр доранд. Ӯ ҳамчунин аз мардуму аҳзоби Туркия ба иллати ваҳдату ҳимоят аз мардумсолорӣ дар кишварашон қадрдонӣ кард.

Сухангӯи расонаии Хадамоти амниятии Туркия аз хунсон шудани кудатои низомӣ дар кишвараш хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии CNN дар сафҳаи расмии худ дар "Твиттер" эълон кард, дар ҳоле ки воҳиди амниятии Туркия муддаӣ шуд, кудато поён ёфтааст, даргириҳо миёни артиш ва тазоҳуркунандагон дар шаҳрҳои мухталифи Туркия идома доранд. Шабакаи телевизионии "ал-Маёдин" низ гузориш дод, хабарҳо аз даст доштани 47 афсари артиш дар табаддулоти нофарҷоми Туркия ҳикоят доранд. Ҳамчунин ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон аз Анкара, чанд низомӣ аз гурӯҳи кудатогарон дар Истанбулу Анкара дастгир шудаанд. Хабаргузории "Синхуа" низ навишт, 13 нафар, аз ҷумла чанд мақоми аршади низомӣ тайи табаддулоти Туркия боздошт шудаанд.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми Туркия эълом кард, ҳавопаймои ҳомили Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури ин кишвар дар Истанбул ба замин нишастааст. Бахши арабии Шабакаи телевизионии ВВС ҳам тасовиреро мунташир кард, ки нишон медиҳад, шабакаи расмии TRT-и Туркия пас аз чанд соат вақфа дар пахш фаъолияти худро аз сар гирифт.