Апрел 20, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • 13-уми май ҷанги ҳастаӣ байни Амрико, Русия ва Кореяи шимолӣ оғоз мешавад.
    13-уми май ҷанги ҳастаӣ байни Амрико, Русия ва Кореяи шимолӣ оғоз мешавад.

Рӯзномаи англисии “Daily Star” ба нақл аз як пешгӯ эълом кард, ҷанги ҷаҳонии сеюм рӯзи шанбеи 13-уми майи ҳамин сол оғоз мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Горатсий Флигос, пешгўи португалӣ ба рӯзномаи “Дейли стар” гуфтааст, рӯзи 13-уми май ҷанги ҳастаӣ байни Амрико, Русия ва Кореяи шимолӣ оғоз мешавад.

Ин пешгӯи португалӣ пирӯзии Трамп дар интихоботи 2015 –и Амрико ва ҳамлаи мушакӣ ба Сурияро ҳам пешгӯӣ карда буд.

Ба навиштаи “Дейли стар”, Флигос солҳост, ки вуқӯи ҷанги ҷаҳонии сеюмро пешгӯӣ кардааст, аммо касе ин пешбиниро ҷиддӣ намегирад.