Апрел 20, 2017 16:42 Asia/Dushanbe
  • Радди мудохилаи Русия дар интихоботи кишварҳо

Сенатори рус таъкид кард, Маскав қасд ва имкони дахолат дар интихоботи кишварҳои хориҷиро надорад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Константин Косачев- раиси Кумитаи умури хориҷии Шӯрои федератсияи Русия, рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Русия тамоюле ба дахолат дар интихоботи кишварҳои хориҷӣ надорад.

Раиси Кумитаи умури хориҷии Шӯрои федератсияи Русия тасреҳ кард, сиёсатмадорони ғарбӣ ҳар аз гоҳе “ҳакерҳои русӣ”-ро ба мудохила дар интихобот муттаҳам мекунанд, аммо аснод ва мадорики худро, ки нишондиҳандаи ин амр бошад, ироа намекунанд.

Вай хотирнишон кард, ин иттиҳомот аз сӯи намояндагони Ҳизби демократи Амрико, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шикаст хӯрданд, ҳамчунин Эммануэл Макрон-номзади мустақили интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса матраҳ шудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия ин иттиҳомотро беасос тавсиф кардааст.